Президент ҳукм гирифт. Ин дафъа 20 сол
Додгоҳи олии Тунис собиқ президенти ин кишвар Зайнулобидин бин Алиро дар ғайбаш ба 20 соли зиндон ҳукм кард.
Додгоҳ президенти гурезаро, ки феълан дар Арабистони Саудӣ паноҳ мебарад, барои куштани издиҳоми ҳамойишгарон муҷирм шинохт.
Ин барои аввалин бор нест, ки додгоҳи олии Тунис дар қиболи Зайнудобиддин бин Алӣ ҳукми худро содир мекунад. Пешгар ӯро барои дуздии амволи давлатӣ 35 сол, барои қочоқи маводи мухаддир ва яроқ 15 сол ва барои фасод ва қаллобӣ ба 16 соли зиндон ҳукм карда буд. Худи Зайнулобиддин бин Алӣ ҳамаи баррасиҳои додгоҳиро дар кишвараш "қасоси сиёсӣ" номидааст ва аммо барои барқарор кардани шаъну шарафаш Бин Алӣ ба ватан баргаштанӣ нест.
Гуфтанист, Тунис яке аз аввалин кишварҳои арабӣ мебошад, ки бар асари инқилоби лолаӣ раисҷумҳури ин кишвар аз маснад барканор шуда, баъдан тазоҳуротҳои мардумӣ дар Миср, Яман, Либиё ва акнун Суриё шурӯъ шудаанд.