Тағйирот дар ҷадвали бозиҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон
Ба даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ тағйирот ворид шуд.
Ин тасмим бино бар сабаби ширкат намудани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) аз сар гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ ду бозии даври 11-ум, миёни дастаҳои ССКА «Помир» – «Энергетик» ва «Вахш» – «Равшан» аз вақти муайян шуда, ба мӯҳлати дигар гузаронида шудааст. Рӯзи 16-уми июн, дастаҳои «Парвоз» - «Ҳосилот» дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» ва «Зарафшон» - «Истаравшан» дар варзишгоҳи марказии Панҷакент вориди сабқат мешаванд. 17 июн, тими «Регар-ТадАЗ» дастаи «Хайр»-ро дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода қабул мекунад. Дастаи «Хуҷанд» бо тими «Истиклол» дар варзишгоҳи «20 -солагии Тоҷикистони соҳибистиқлол»-и Хуҷанд қувваозмоӣ мекунанд.