Соҳибкорони пойтахт даромади худро махфӣ нигоҳ медоранд
Боз чанд соҳибкори дигар дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷарима шуданд.
Тибқи иттилои Гавҳар Ҳомидова, як масъули Кумитаи андоз , дар пайи амалиёти кормандони ин ниҳод муайян карда шуд, ки Зӯҳро Алиева молу мулки ғайриманқули худро, ки дар кӯчаи Рӯдакӣ 89/1 воқеъ гардидааст, ба иҷора дода, ба нозироти андоз эъломияи андоз аз даромади худро пешниҳод накардааст. --- -
-Нисбати ӯ дар асоси талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои дахлдор андешида шуда, маблағи барилова ҳисобшудаи андоз ба буҷет ворид карда шуд,-афзуд манбаъ.
Ба ҳамин ҳолат монанд, зимни амалиёт дар ошхонаи “Киш-миш” воқеъ дар кӯчаи Сомонӣ 4, ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муайян гардид, ки Шарофат Шодиева, сокини кӯчаи Гиссарская 35, ҳуҷраи 25, молу мулки ғайриманқули худро ба иҷора дода, тибқи иттилои нозироти андоз, маблағи ҳармоҳаи иҷораро бо сабаби гузаронидани таъмир дар ошхона, ба маблағи ҳармоҳаи 500 сомонӣ муқаррар намудааст, аммо эъломияҳои андози худро ба нозироти маҳалли ҷойгиршавӣ пешниҳод накардааст. Дар натиҷа, нисбати номбурда барои сари вақт пешниҳод накардани эъломия аз даромад дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.