Парламент: Тоҷикистон ба СҶТ мепайвандад
Имрӯз дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон чанд лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардиданд.
Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, зимнан лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба муҳокимаи вакилон пешниҳод шуда буд.
Манбаъ афзуд, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов, вакилон Галия Рабиева, Шакарбек Самадов ва Бибидавлат Афзалшоева аз рӯи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» суханронӣ намуда, мақсад аз таҳия ва пешниҳоди ин лоиҳаи қонунҳоро мутобиқгардонии онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ карданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» бошад, пас аз суханронии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи мардумӣ Сафаралӣ Гулов қабул шуд.
Ҳамзамон, муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Амир Катаев роҷеъ ба масъалаи охири ҷаласа – лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» изҳори андеша намуда, иброз доштанд, ки лоиҳаи ин Қонун бо мақсади суръат бахшидан ба раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия ва пешниҳод шудааст. Мақсади асосии ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ин барои аз байн бурдани низоми миллӣ, ки дар моддаи 3 – Созишномаҳои Кулл оид ба тарофа ва савдо оварда шудааст ва яке аз принсипҳои асосии Созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба шумор меравад, мебошад.