50 фоиз боло рафтани нархи биринҷ дар Тоҷикистон
Тайи як соли охир ин маҳсулоти хӯрокворӣ 51 фоиз қиммат шуда, айни ҳол дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна 8 сомонию 50 дирам нарх дорад.
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагоназ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ин дар ҳхолест, ки моҳи июни соли гузашта як кило биринҷ дар бозорҳои пойтахт ба ивази 5 сомонию 60 дирам дар фурӯш буд.
Ба иттилои манбаъ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз ҳама биринҷи арзон дар бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Деҳқон» нарх дорад, ки ба 8 сомонӣ баробар аст. Ин нишондод дар бозорҳои «Саховат» ва «Варзоб» ба 9 сомонӣ баробар аст.
Фурӯшандагони биринҷ дар Душанбе мегӯянд, маҳсулоташон сарфи назар аз моҳу мавсим ҳама вақт харидор дорад, чун ош, ки яке аз маъруфтарин таомҳои мардуми тоҷик асту аз биринҷ омода мешавад, дар ҳар мавсим талабот дорад.