Сабқати гӯштӣ дар водии Рашт.Баъди 8 рӯз
Дар ноҳияи Тоҷикобод мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ сурат мепазирад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, сабқати мазкур рӯзҳои 21-22-юми июни соли равон барои дарёфти Ҷоизаи устоди варзиши Иттиҳоди Шўравӣ Раҳматулло Ғиёсов миёни калонсолон доир мегардад.
Бино ба қавли манбаъ, дар ин чорабинӣ ду дастаи 10-нафара аз вилоёти Хатлон, Суғд, ВМКБ, инчунин аз шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва шаҳри Душанбе ширкат хоҳанд кард.
Маврид ба тазаккур аст, ки ин дуюмин иқдоми варзишии кумита буда, як чунин чорабинӣ дар вилояти Бадахшон низ чанде қабл баргузор шуда буд.