Шамол хонаи як кӯлобиро сӯхт
Дар натиҷаи вазиши сахти шамол манзили як сокини шаҳри Кӯлоб оташ гирифт.
Шоми рӯзи шанбе то нимаи шаб дар шаҳри Кӯлоб шамоли сахт вазид. Гуфта мешавад, суръати шамол ба ҳаде зиёд буда, ки болопӯши даҳҳо манзили маскунӣ ва иншооти ёрирасони сокинони шаҳру ноҳияро хароб намудааст. Гузашта аз ин, дар баъзе ҳолатҳо хатари канда шудани симҳои барқгузар ва сар задани сӯхтор низ ба қайд гирифта шуд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ, як сокини кӯчаи ба номи Лоҳутӣ, тақрибан соати 23:00 дар ҳамин маҳалла хати барқ канда шуда, болои боми яке аз сокинон бо исми Мӯхтор Ятимов меафтад. Дар натиҷаи ба ҳам хӯрдани симҳои барқгузар, боми хона оташ гирифта, то омадани сӯхторнишонҳо он пурра хокистар мешавад. «Хушбахтона ба ҷони касе зарар нарасид»,-мегӯяд Эмомалӣ.
Кормандони шабакаҳои барқии шаҳр ба хотири пешгирӣ аз сӯхтор дар ҳудуди шахру ноҳия маҷбур шудаанд интиқоли барқро то субҳи рӯзи дигар қатъ намоянд. Зарари аз шамол расида, то ҳанӯз муайян нагаштааст.