Дар Алмаато қарордод оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ тасвиб шуд
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Зимни он 192 ҳуҷҷати меъёрӣ-байнидавлатӣ қабул гадид, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти давлатҳои аъзои ИДМ мусоидат хоҳанд намуд. Аз Агентии Тоҷикстандарт ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст ҷамъбасти фаъолияти мақомотҳои соҳаи стандартизатсияи, метрология ва сертификатсияи тамоми давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2011 ва муҳокимаи натиҷаҳои он, масъалаҳои умумӣ оид ба иҷроиши қарорҳои мақомотҳои оинномавии кишварҳои ИДМ, танзими техникӣ, стандартизатсия, баҳогузории мутобиқат, метрология, аккредитатсия, назорат оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
“Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар ҳамоиши мазкур, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда як қатор қарорҳо, аз қабили ёддошти тафоҳум байни ШБД ва ЕОSs, дар бораи иҷроиши Консепсияи дурнамои рушди ИДМ ва нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи якум, қарордод оид ба минтақаи озоди тиҷоратӣ, лоиҳаи Созишнома оид ба регламентҳои техникии байнидавлатии давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, дар бораи иҷроиши Барномаи корҳо оид ба стандартизатсияи байнидавлатии маҳсулоти хурокворӣ дар давраи то соли 2015 қарор қабул намуд”,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар гуфт, тибқи қарори ҷаласаи Шӯро бахшида ба 20 солагии ШБД барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ, бархе аз роҳбарон ва мутахассисони мақомотҳои миллӣ, аз ҷумла 9 корманди Агентии Тоҷикстандарт низ бо медалҳои ҷашнии 20-солагии ШБД ва нишони фахрии ШБД «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шуданд.