Бебарқӣ соҳибкорони бузурги чиниро аз Тоҷикистон мегурезонад
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон сабаби камтаваҷҷӯҳии соҳибкорони нисбатан бузурги қисмати ҷанубу шарқии Чинро ба Тоҷикистон бебарқӣ номиданд.
Манбаъ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо тасдиқ кард, ки дар қисмати ҷанубу шарқии Чин соҳибкороне мавқеъ гирифтаанд, ки маҳсулоти хушсифату технологӣ истеҳсол мекунанд, аммо ба Тоҷикистон камтаваҷҷӯҳанд.
Қаблан, Муталлиб Суфӣ, масъули Департаменти савдои наздисарҳадии Чин, дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт, ки дар қисмати ҷанубии Чин, ки сармояҳои калон он ҷо мутамарказ шудаанд, Тоҷикистонро тақрибан касе намешиносад.
Ба гуфтаи Муталлиб Суфӣ Тоҷикистонро бештар дар ноҳияи Шинҷони Чин мешиносанд, ки дар ин минтақа соҳибкору ширкатҳои калони сармоягузор хеле каманд.
Суфӣ таъкид намуд, ки барои ҷалби бештари сармояи калони соҳибкорони чинӣ, ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, то кишварашонро дар Чин васеътар муаррифӣ намояд.
Сармояҳое, ки дар ҳоли ҳозир аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд, аксаран қарзи ҳукуматӣ мебошанд ва ба гуфтаи Муталлиб Суфӣ имконоти сармоягузорони хусусии Чинро, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам кам истифода карда истодааст.