Сабқати интихобии МҚҶ-2014: Чили пешсаф
Дар қисмати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ яккачини Уругвай мунтахаби Перуро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.
Дар бозии дигар Эквадор ба дарвозаи Колумбия як голи беҷавоб зад.
Дар ҷадвали сабқат баъди даври шашум Чили бо 12 имтиёз садрнишин аст.
Зинаи дуюм аз Уругвай аст, ки баъди панҷ дидор 11 хол дорад.
Дар мақоми сеюм Аргентина бо 10 имтиёз аз панҷ бозӣ қарор дорад.
Мавқеи дастаҳои дигар чунин аст:
4. Эквадор 9 хол (баъди панҷ бозӣ);
5. Венесуэла 8 хол;
6. Колумбия 7 (баъди панҷ бозӣ);
7. Боливия 4
8. Парагвай 4 (баъди панҷ бозӣ);
9. Перу 3 (баъди панҷ бозӣ);