Себ дар Тоҷикистон 300 фоиз қимат шудааст
Як килло себ дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон аз аввали сол то имрӯз 290,3 фоиз ё 2,9 маротиба қиммат шудаст. Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи себ дар пойтахт 11 сомонию 25 дирам сари ҳар килло аст. Аввали сол ин нишондод баробари 3 сомонию 90 дирам будааст.
Манбаъ таъкид кард, ки себро аз ҳама арзон дар бозорҳои «Деҳқон»-у «Саховат» харидан мумкин аст, ки 10 сомонӣ нарх дорад. Аз ҳама гарон дар бозори «Шоҳмансур» -13 сомонӣ ва «Варзоб» - 12 сомонӣ будааст.
Ҳамин давраи соли гузашта як килло себ дар пойтахт ба ҳисоби миёна 11,5 сомонӣ нарх доштааст. Сабаби гаронии себ дар ин мавсим ба анҷоми захираҳои мардум ва нарасидани ҳосили нав рабт дода мешавад, ки дар натиҷа талаботи зиёду пешниҳод кам мегардад ва ин дар навбати худ нархҳоро боло мебарад.