Оқил Оқилов созишномаи «фантастикӣ» имзо намудааст
Бархе аз таҳлилгарони тоҷик бозори муштараки асъорро дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки созишнома дар бораи таъсисашро аввали моҳи ҷорӣ Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон ва нахуствазирони дигари созмон имзо намуданд, «фантастикӣ» арзёбӣ карданд.
Ба гуфтаи коршиносон, тайи 10 сол аст, ки аз таъсиси ин бозор ҳарф гуфта мешавад. Бо вуҷуд рӯи кор омадани он дар солҳои наздик ғайривоқеӣ ба назар мерасад.
Яке аз далелҳои асосии ташкили бозори муштараки асъор истифодаи ночизи асъори миллии кишварҳои ИДМ зимни додугирифти байниҳамиашон арзёбӣ мегардад. Ба гуфтаи ташаббускорони ташкили бозори муштараки асъор зимни савдои байниҳамии кишварҳои ИДМ дар 80 фоизи ҳолатҳо ҳисобу пардохтҳо бо доллар сурат мегиранд.
Ташкили бозори муштараки асъор дар назар аст, ки шароити баробарро барои харидуфурӯши асъори миллии кишварҳои ИДМ ва истифодаашон зимни амлиёти молию тиҷоратии байниҳамӣ муҳайё кунад.
Аммо Константин Бондаренко, сардори Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи Евро таъсиси бозори муштараки асъорро камсамар хонд. Бондаренко мегӯяд эҳтимолан дар ИДМ рубли русӣ истифода хоҳад шуд ё ягон асъори болои асъорҳои миллӣ, монанди евро таъсис ёбад: «Аммо таҷрибаи евро нишон дода истодааст, ки он ҳам роҳи беҳтарин нест»,-хулоса кард номбурда.