Дар Шурообод қочоқчиёну кормандони милиса вориди даргирӣ шуданд
Дар мавзеи «Деволбарс»-и ноҳияи Шӯрообод миёни кормандони ВКД ва гурӯҳи нашъаҷаллобон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
Маҳмадулло Асадулоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Озодагон хабар дод, ки ашхоси мусаллаҳи ҷинояткор ба муқовимат тоб наоварда, ба самти ҷумҳурии исломии Афғонистон фирор намуданд. «Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз пинҳонгоҳи сохтаи қочоқчиёни маводи мухаддир дар ҳудуди мавзеи «Деволбарс» дар чор халта ба миқдори ниҳоят калон 100 килою 160 грамм маводи нашъадори бангдона ва як адад яроқи тамғаи «ТОЗ-16» ёфтаву мусодира шуд»,-афзуд номбурда.
Сухангӯи ВКД гуфт, рӯзи 6-уми июн дар мавзеи номбурда ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллоб иборат аз шаҳрвандони Афғонистон ошкору безарар гардонида шуда буд. Задухӯрди мусаллаҳона, ки беш аз ду соат тӯл кашид, сабаби фирор намудани қочоқчиён ба марзи ин кишвар гардид. Аз пинҳонгоҳи нашъаҷалобон дар 5 борхалта ба миқдори 90 килою 300 грамм маводи нашъадор мусодира шуд.