Чоруқдарон: Машкҳои ҳарбии зидди террористӣ идома дорад
Дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони ҳарбии вилояти Суғд бо иштироки ҳайатҳои роҳбарии гурӯҳҳои амалиётии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) машқҳои муштараки низомии зидди терористии «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» ҷараён дорад.
Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуоти Вазорати дифои кишвар ба Озодагон гуфт, ки машқҳои муштарак таҳти роҳбарии генерал майёр Эмомалӣ Собиров, фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон шурӯъ шуд. «Дар оғози машқҳои муштараки ҳарбӣ ҳайати фармондеҳӣ баромад намуда ҳадаф аз ташкилу баргузор намудани ин чорабиниро барои ҳамоҳангии ҷузъу томҳо муҳим ва саривакти арзёбӣ намуд»,-афзуд номбурда.
Дар ин машқҳо мақомоти ҳарбии идории низомӣ, ки ба ҳайати он гурӯҳҳои амалиётии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ ва ҷузъу томҳои таъингардидаи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Русия ва ҷумҳурии мардумии Чин шомиланд, ширкат доранд.
Ёдовар мешавем, машқҳои муштараки низомии зидди терористии ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» аз 7-ум то 14-уми июни соли ҷорӣ дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони ҳарбии вилояти Суғд доир мешавад.