Ҳамчунин Бобо Рамдев вуруди ҳукми қатл барои ҷинояти фасоди молӣ, даст кашидан аз пулҳои калонарзиш ва чанд пешниҳоди дигарро ба масъулин ироа кардааст.
«Ман хеле дар ҳаяҷонам, ки ин миқдор мардум дар майдони Рам Лила барои юриши зидди фасод ҷамъ омадааст. Ҳарчанд ки ин гуруснанишинӣ дароз сурат бигирад ҳам, ман ҳамаи шуморо ба оромӣ ва сабурӣ даъват мекунам», изҳор доштааст гуру -Бобо Рамдев дар баромадаш дар назди ҳозирин. Ҳамчунин ин амали устоди йога аз сӯи ВАО хеле хуб таблиғ шуда, шаҳрро варақаҳои эълон бо навиштаи «4 июл - рӯзи шурӯъи мубориза бар зидди фасод» пур кардааст.
Ин амали устоди шинохта Бобо Рамдев ҳукумати нахуствазири Ҳиндустон Манмохан Минхро, ки чанд аъзои он, аз ҷумла вазири алоқа Андимутҳу Раҷа ва сарвари Асостсиатсияи олимпии Ҳиндустон Суреш Калмади ва чанде дигар барои даст доштани фасоди молӣ муттаҳам мешаванд, дар ҳолати ногувор гузоштааст.
Дар ҳоле ки дар Ҳиндустон беш аз 50 ҳазор нафар дар майдони назди дарвозаи шаҳр дар 1 рӯз бо нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ мезананд, вакилони порлумони Тоҷикистон зимни баррасии як қонун тартиби эътирози мардумро ба шакли «гуруснанишинӣ» дар назди муассисаҳои давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ эълон кардаанд.