Вазир: Қонунӣ кардани маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада бисёр муҳим аст
Дар шаҳри Душанбе аз 6 то 8-уми июн ҷаласаи роҳбарони кадрҳои дастгоҳҳои Вазоратҳои корҳои дохилӣ - политсияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ сурат пазируфт.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, мақсади ин вохӯрии сатҳи баланд аз муайян намудани вазифаҳои афзалиятнок дар омода кардани кадрҳои баландихтисос ва роҳҳои ҳал намудани онҳо иборат буд.
«Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати кадрӣ, роҳҳо ва усулҳои ҳал намудани онҳо, инчунин проблемаҳои касбӣ-равонии омодагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва политсия баррасӣ гардиданд»,-афзуд манбаъ.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои фаъолияти Ассотсиатсияҳои макотиби олии ВКД, политсияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ-ро оид ба тайёрӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси ҳайати шахсии соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки истифодаи таҷриба ва нерӯҳои муассисаҳои таълимӣ, нерӯи зеҳнии ҳайати устодон, усулҳои нав ба нави технологӣ ва омӯзиширо дар бар мегиранд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Зимни баргузори ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки таҳкими нерӯҳои кадрӣ, беҳтар намудани сифати ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити ислоҳоти соҳа аҳамияти бузург дорад.
Дар баромади худ Вазири корҳои дохилӣ пешниҳод намуд, ки барои ҳалли муваффақонаи вазифаҳои дар пеши мақомоти корҳои дохилӣ гузошташуда, барои омӯзиш, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо масъалаи таъсис додани марказҳо оид ба самтҳои гуногуни фаъолият дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давлатҳои ИДМ баррасӣ шавад. «Масалан дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, қонунӣ намудани маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва ҷиноятҳо дар соҳаи технологияи олӣ бисёр муҳим аст»,-гуфт Рамазон Раҳимов.
Дар кори ҷаласа намояндаҳои Озорбойҷон, Белорус, Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Арманистон ширкат доштанд.