Коршиноси «Тоҷпромбонк» бо гумони қаллобӣ пушти панҷара рафт
Нодирҷон Ашурматови 38 сола, коршиноси қарздиҳии филиали ҶСП «Тоҷпромбонк»-и шаҳри Конибодом бо иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд, Шокирҷон Мирзоеви 46 сола, сокини шаҳри Конибодом, кӯчаи 1-уми май дар аризаи шикоятие навиштааст, ки дар таърихи 20-уми майи соли 2009 шахсе бо номи Нодир худро корманди ҶСП «Тоҷпромбонк» муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадааст. Ва бо баҳонаи он ки аз номаш ба бонк амонат мегузорад, аз ӯ 400000 рубли русӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Феълан, Нодирҷон Ашурматов аз ҷониби кормандони милиса пурсуҷӯ мешавад.