Полиси нақлиёти Қазоқистон гуфтааст, 2 автобусеро дар хатсайри Алмаато - Остона боздоштаанд, ки ба таври умум ба микдори 64 нафар аз меъёр зиёд мусофиронро мебурдаанд, ки дар яке 1 ва дар дигаре 24 нафар дар бағоч пинҳон шуда будаанд. Феълан, нисбати ронандагон ҳуҷҷатҳои маъмурӣ тартиб дода, мусофирони марзшикани «бағоҷӣ»-ро ба ватан бозгардонидаанд.