Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои покистонияш барқияи шодбошӣ гирифт
Осиф Алӣ Зардорӣ, райисҷумҳури Покистон унвонии Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол кардааст.
Тавре хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ин номаи табрикӣ, ки ба муносибати 20 солагии барқароршавии муносиботи дипломатӣ навишта шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «Аз рӯзи барқароршавии муносибтҳои дипломатӣ байни ду давлат аз 6 июни соли 1992 таҳти роҳбарии шумо муносибатҳои мо дар соҳаҳои гуногун бемайлон тарақӣ карда истодаанд. Maн аз иштироки Шумо дар ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар Душанбе бисёр миннатдор ҳастам. Бонк барои рушди муносибатҳои иқтисодии мо мусоидат хоҳад кард.
Умедворам Шуморо дар охири соли ҷорӣ дар Исломобод дар вохӯрии Чорҷониба пазироӣ бикунам. Сафари Шумо ба Покистон боз такони хуб барои рушди бардавоми муносибатҳои мо хоҳад шуд».
Дар барқия аз сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва амниятӣ изҳори хушнудӣ шуда, зикр ёфтааст, ки ин ҳамкориҳо рӯз то рӯз дар ҳоли тавсеаанд. «Бартараф шудани мушкилиҳои раводид мардуми ду кишварро ба ҳам наздик месозад ва туризм ҳам рушд хоҳад кард. Дар ояндаи наздик парвозҳои мустақим дар нақша ҳастанд ва тараққиёти роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан низ дар мадди назар мебошанд»,-гуфта мешавад дар мактуби Осиф Алӣ Зардорӣ.
Ёдовар мешавем, аз ин пештар Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамин муносибат ба президенти ҷумҳурии исломии Покистон барқияи шодбошӣ ирсол карда буд.