Қатар барои моҳи Рамазон гӯшт захира мекунад
Кишвари Қатар дар остонаи моҳи шарифи Рамазон аз Туркиёву Арманистон гусфанд харидорӣ мекунад. Ин амали ширкатҳои гӯштфурӯшии Қатар ба хотири таъмини эҳтиёҷоти мусулмонон дар ин моҳи шариф будааст.
Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои арабӣ танҳо ширкати Mawashi аз Арманистон беш аз 1000 сар ва аз Туркиё беш аз 200 000 сар гусфанд харидорӣ карданист. Аҳмад Носир Сари ал Каабӣ, сарвари ин ширкат гуфтааст ба ғайри чорвои зинда аз ин кишварҳо гӯштӣ яхкардашуда низ харидорӣ хоҳад шуд, то эҳтиёҷоти мардум дар Рамазон пурра таъмин карда шавад.
Гуфта мешавад, ҳамасола дар моҳи Рамазон талаботи мардуми ин кишвар ба гӯшти гӯсфанд баш аз 35 дар сад боло мерафтааст.
Панҷ нафар сарҳадбонони озарӣ дар пайи як амалиёти диверсионӣ дар сарҳад бо Арманистон кушта шудаанд. Дар ин бора Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст. Гуфта мешавад задухӯрд миёни сарҳадбонон дар минтақаи сарҳадии деҳаи Ашаги Аскипара (Аскипараи поён) - и ноҳияи Қазоқи Озорбойҷон сурат гирифтааст.
- Ҳангоми вайрон кардани хати сарҳад миёни сарҳадбонон ва вайронкунандагони сарҳад задухӯрд сурат гирифта, дар натиҷа 4 нафар кушта ва 1 нафари дигар сахт яррадор шуда, дертар вафот кард. Аммо кӯшиши гузаштан аз хати марз боздошта шуд. Аз сӯи марзшиканон низ ярадоршудагон ҳастанд, - омадааст дар изҳороти Вазорати дифои Озорбойҷон.
Ҳамчунин Вазорати дифоъ насаби кушташудагонро низ дар ихтиёри хабаргузориҳо гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти дифоии Арманистон ахбори хилофи инро пахш кардаанд. Бино ба маълумоти мақомоти Арманистон шоми 54 уми июн як гурӯҳи 15-20 нафарӣ хати марзро ғайриқонунӣ убур карда, мехостаанд вориди хоки Арманистон шаванд. Миёни сарҳадбонон дар ҳудуди деҳаи Воскепари ноҳияи Тавуш ин кӯшиши вуруди ғайриқонунӣ боздошта шуда, бар асари ин 5 нафар сарҳадшиканон кушта шудаанд.
- Ба баъзе аз аъзои ин гурӯҳи диверсионӣ муяссар гардид, ки фирор намоянд ва ҷасади ҳамроҳонашонро бо худ бубаранд. Аз сӯи мо талафот ва ярадорон нестанд, - изҳор кардаанд дар Вазорати дифои Арманистон.
Ёдовар мешавем, ки деҳаи Ашаги Аскипара бар асари муқовиматҳо дар низоъҳои Қарабоғи кӯҳӣ ба ихтиёри Арманистон гузашта буданд. Аммо ин деҳа аз сӯи Арманистон ҳамчун ҳудуди вилояти Тавуш ва аз сӯи Озорбойҷон ҳамчун ҳудуди ноҳияи Қазоқи ин кишвар шинохта мешавад.