Фаъолияти мактаби дуюми минтақавии ҳуқуқи ВАО дар Душанбе
Мактаби минтақавии ҳуқуқи ВАО барои ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва донишҷӯёни курсҳои болои факултаҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бори дуюм дар Душанбе ба шакли давраи омӯзиши дарозмуддат аз 6 то 10 июни соли ҷорӣ сурат мегирад.
Тавре ба Озодагон аз Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Институти ҳуқуқи ВАУ –и Украина амалӣ мешавад.
Давраи омӯзишии мазкур чунин мавзӯҳои мубрамро мисли риояи озодии сухан ва иттилоот, ҳимояи шаъну шараф ва обрӯи касбӣ, ҳифзи фаъолияти ВАО, масоили ҳуқуқии телевизиону радио ва ғайраро дарбар мегирад. Инчунин дар асоси тавсияҳои ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО –и ватанӣ бахши алоҳидаи мактаб ба кӯшишҳои танзими Интернет дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бахшида мешавад. Махсусиятҳои ҳуқуқи ВАО – и се мамлакатро коршиносони соҳа муаррифӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки мавзӯи омӯзондани ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО яке аз мавзӯҳои доғи тахассусии имрӯза аст. Ягон донишгоҳи ҷумҳурӣ ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО-ро тарбия намекунад. Аз ин рӯ, барномаи ВАО – и ИҶК БМ дар ҳамдастӣ бо дигар барномаҳо ҳуқуқшиносонро ба мактаби ҳарсолаи ҳуқуқи ВАО, ки дар Киев баргузор мегардад, фиристода, дар омода кардани гурӯҳи мутахассисони ин соҳа саҳм мегузорад.