Агентии омор дар фикри ташаккули омори саривақтӣ, холисона ва эътимоднок
Дар ҷаласаи Агентии омор дар алоқамандӣ бо ихтисорнамоӣ ва барҳамдиҳии такрорёбии ҳисоботҳои оморӣ ва сабуку кам кардани сарборӣ ба ҳисоботсупорандагон, масъалаи қатъ намудани пешбурди намудҳои ҳисоботи омории №3, №8 ва №9-шакли молияи омор баррасӣ гардид.
Тавре аз ин ниҳод ба Озодагон хабар доданд, аъзоёни Шӯрои методологӣ ва иштирокчиёни ҷаласа доир ба ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳо оид ба идоракунии сифат, пеш аз ҳама риояи принсипҳои асосии ташаккули омори давлатӣ – рӯзмарра, воқеӣ, илман асоснок, саривақтӣ, эътимоднок, холисона, махфӣ, мувофиқатпазир, шаффоф, ошкор ва дастрас будани омори расмӣ муҳокимарониҳо намуданд.
Инчунин шштирокчиёни ҷаласа пешниҳод намуданд, ки масъалаи мазкур муфассал баррасӣ гардад ва ҳатман бо вазорату идораҳо ва институтҳои байналмилалии дахлдор, пеш аз ҳама Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ мувофиқа карда шавад.