Баррасии шабакаи назорати автоматии кори нақлиёти Тоҷикистон
Ташкили шабакаи назорати автоматии кори нақлиёт ва хадамоти хизматрасонии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе барасӣ карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ин масъала зимни мулоқоти раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи ҷумҳурии халқии Хитой ба баррасӣ гирифта шуд. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои интихоби ширкати амаликунандаи ин лоиҳа озмуни ошкоро эълон карда мешавад ва ҳамаи ширкатҳои дохилию хориҷӣ метавонанд дар он иштирок намоянд, афзуд манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот бо раиси Шӯрои директорони ширкати Чайна Глобал ХУАН Ҷзанжун, асосан масоили ҳамкорӣ дар мавзеи Зарнисори шаҳри Қайроқуми Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кори корхонаи металлургӣ ва тавсеаи он то комбинати бисёрсоҳаи ин бахш баррасӣ гашт. Таъкид гардид, ки корҳои сохтмону таҷҳизонидани он тезонда шуда, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, мактабу бемористон ва дигар иншооти зарурии иҷтимоӣ низ бояд оғоз гардад.
Гуфтугӯ ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ сурат гирифт. Зимни суҳбат бо ноиби президенти ширкати Хуавэй Лин Жуйҷи Ҷанжун масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.