Омодагии тими мунтахаби ҷавонони кишвар ба сабқати қаҳрамонии Осиё
Ду бозии даври даҳуми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Кӯлоб, ССКА “Помир”-и Душанбе аз рӯзи 10-ум ба 9-уми июн гузаронида шуд.
Тибқаи ҷадвали мусобиқот баргузории ин ду бозии футбол ба рӯзи 10-ум рост омада буд. Бино бо сабаби он, ки футболбозони ҷавони тоҷик дар ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар ширкат мекунанд, дар ҷаласаи бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки ду бозии даври 10-уми мусобиқаи Лигаи олӣ як рӯз пеш доир карда шавад. Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар аз рӯзи 10-ум то 17-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия баргузор мегардад омодагӣ мебинанд.
Рӯзи 9-уми июн, бозиҳои даври 10-ум миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Равшан» (Кӯлоб) - ССКА «Помир» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор) - «Зарафшон» (Панҷакент),«Хайр» (Ваҳдат) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва «Гвардия» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) гузаронида мешавад.
Дар бозии охирини даври 10-ум «Истаравшан» (Истаравшан) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) рӯзи 10-уми июн вориди сабқат мешаванд. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17.30 аст.