Ҳаҷми қарздиҳии хурд афзуд
Аз сабаби баланд шудани талаботи аҳолӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ афзоиш ёфта, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27,5 фоиз зиёд гардид.
Тавре масъули маркази матбуотии Бонки Миллӣ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, аз ин ҳисоб 198,7 миллин сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли қаблӣ 17,9 фоиз зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, ки бино ба маълумоти расмӣ бақияи умумии қарзҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 фоиз афзудааст. Фоизи миёнавазни қарзҳо бошад, дар низоми бонкии кишвар моҳҳои январ-апрели соли равон бо пули миллӣ 19,26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,86 фоизи солонаро ташкил намудааст.