Намоиши технологияи сарфаҷӯёнаи энергия дар Суғд
Дуюми июни соли 2012 дар шаҳри Чкалов бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва саноат, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Донишкадаи куҳӣ-металургии шаҳри Чкалов, намояндагии ОБСЕ дар вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон баҳри ҳифзи муҳити зист» - озмун-намоиши минтақавии сеюми «Технологияи сарфаҷӯёнаи энергия ва истифодаи такрории захираҳо - 2012» баргузор гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар намоиш-озмуни мазкур 47 корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМБК, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин аз ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд. Онҳо маҳсулотҳои каммасраф ва коркарди дуюмбораи партовро пешкаш намуданд.
Дар ин озмун ҷои аввал насиби ҶДММ «Сайқал» аз шаҳри Қайроққум гашт. Сазовори ҷои дуюм Нурланбек Калдибаев ва Илияз Султанов аз Қирғизистон дониста шуданд ва ҷои сеюм насиби Шероз Ҳоҷибоев, донишҷӯи ДДХ ба номи Б.Ғафуров гашт.
Дар бахши «Сарфаи энергия ва самаранокии нерӯ» ғолибият насиби Далер Домуллоҷонов, Рустам Зеваршоев ва Абдуаҳад Қодиров гардид. Дар бахши бачагона кори Шавкат Холмуродов, Абдуҳаким Ҳакимов, Равшан Шокиров ва Шаҳзод Ортиқов беҳтарин дониста шуд.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои арзанда – ноутбук, видеокамера, принтер ва велосипедҳо супорида шуд.