Теъдоди варзишгароне, ки роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012-ро гирифтанд ба 15 расид.
Аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон хабар доданд, ки бо дастгирии Федератсияҳои байналмилалии варзиши сабук ва шиноварӣ 2 варзишгари тоҷикистонӣ соҳиби роҳхати олимпӣ шудаанд. «Екатерина Исмоилова (шиноварӣ) ва Владислав Овчеренко (давидан) бо иҷро намудани меъёрҳои муқарраргардидаи квалификатсионӣ иҷозат барои иштирок дар Бозиҳои Лондон 2012-ро дарёфт намуданд»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Парвиз Собиров, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов, Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев соҳиби роҳхати олимпии Лондон-2012 шудаанд.