Картошкапарвариро дар Суғд бо қарори раиси вилоят рушд медиҳанд
Бо мақсади дастгирии рушди минбаъдаи соҳаи картошкапарварӣ, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка дар шимоли кишвар қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои тадбиқи Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур ба сарраёсати молияи вилоят, раёсатҳои минтақавии рушди иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, сарраёсати кишоварзии вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш шудааст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои дахлдори мақомот ва мақомоти шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри таъмини иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои ба анҷом расида ҳар сол то 10 январ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумот манзур намоянд. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.