Прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои СҲШ ба Душанбе меоянд
6 ва 7-уми июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 10-уми прокурорҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Зимнан, давоми рӯз иштирокчиёни ҷаласаи мазкур ба Душанбе ташриф меоранд. Субҳи имрӯз меҳмонон аз Қазоқистон ва Қирғизистон ташриф оварданд.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон гуфт, ки ба ҳавои боронӣ нигоҳ накарда, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳои меҳмононро бо омодагии ҳамаҷониба қабул менамояд.
«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо фурудгоҳҳои кишварҳои аъзои СҲШ ҳамкорӣ дошта, парвозҳоро ба кишварҳои Қазоқистон (Алмаато), Чин (Урумчи), Қирғизистон (Бишкек), Русия (Москва-Домодедово, Москва-Внуково, Санкт-Петербург-Пулково, Новосибирск-Толмачёво Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Ёқутистон, Тюмен, Перм ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия) анҷом медиҳад»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, ва Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд.