30 иштирокчии фаъоли пикети назди Думаро боздошт карданд
Беш аз 30 иштирокчии фаъоли пикет алайҳи лоиҳаи қонун дар бораи боло бурдани ҳаҷми ҷарима барои нақзи тартиботи гирдиҳамоиҳо дастгир шудаанд.
Ин афрод дар назди бинои Думаи давлатии Русия гирди ҳам омада буданд. Миёни дастгиршудаҳо Сергей Митрохин, пешвои ҳизби «Яблоко» ва Сергей Давидис, фаъоли ҳаракати «Ҳамрайъӣ» низ будаанд.
Хабаргузории «Интерфакс» навиштааст, ки дар пикети назди бинои Думаи давлатӣ фаъолони ҳизби «Яблока», ҳаракатҳои «Левый фронт» ва «Солидарность» ва инчунин ҳизби сабтиномнашудаи «Другая Россия» ширкат доштаанд.
Қарор аст, имрӯз вакилони парлумон тарҳи қонун дар мавриди шадид кардани ҷазо барои нақзи тартибот ҳангоми чорабиниҳои оммавиро баррасӣ ва тасбив намоянд.