Аммо тавре Хадамоти давлатии бехатарии ҳаракат (ГИБДД)-и ВКД-и Русия иттилоъ медиҳад, ин тасмим барои нақлиёти сабукраве, ки ба таври тиҷорӣ ба мусофиркашонӣ машғул мебошад, дахл надоштааст.
Гуфтанист, тасмими тамдид кардани мӯҳлати фаъолияти варақаҳои ТТ (ТО) яке аз тасмимҳои ахири президенти ин кишвар мебошад, ки ба андешаи коршиносон дар пешорӯи интихоботи президентӣ бо ҳар гуна тасмимҳои мусбӣ хоҳони касби бештари бовари мардум будааст.