АНМН маркази кинологӣ боз кард
Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА» Маркази таълимии кинологӣ ифтитоҳ шуд.
Тавре ба Озодагон аз ин ниҳод хабар доданд, таъсиси Маркази таълимии кинологӣ барои тайёр кардани кинологҳо, зиёд кардан ва омода намудани сагҳои хизматии кинологӣ оид ба ёфтани мухаддирот, барои баланд гардидани самаранокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ҳам Агентӣ, инчунин дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон имконият медиҳад.
Рустам Назаров, директори агентӣ зимни суханронӣ дар расми кушодашавии марказ гуфт, дар оянда таъсиси Маркази таълимии махсусгардонидашуда ба нақша гирифта шудааст, ки дар он тайёр кардани на танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, балки кормандони зидди мухаддиротии Афғонистон низ имконияти таълим гирифтан пайдо менамоянд.
Ёдовар мешавем, моҳи октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии «Идораи сарҳадот ва назорат аз болои мухаддирот дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он оид ба таъсиси Маркази таълимии кинологӣ барои тайёр кардани мутахассисон-кинологҳо на танҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, балки барои мақомотҳои дахлдори ҷумҳурии исломии Афғонистон қарор қабул карда шуд. Бо ин мақсад соли 2010 бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо «БОМКА» дар базаи хадамоти кинологии агентӣ сохтмони бинои маъмурии Маркази таълимӣ оғоз шуд. Соли 2011 корҳои сохтмонии синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳ барои шунавандагон, ошхона, китобхона, толори варзишӣ, инчунин биноҳо барои нигоҳ доштан, дарс, омӯзиш додан ва зиёд кардани сагҳои хизматии кофтуковӣ ба охир расиданд.