Пойтахти Ироқ боз шоҳиди як таркиш. Ин навбат нӯҳ кас ҷон дод
Таркише дар шаҳри Бағдод сабаби ҳалокати дасти кам нӯҳ нафар шудааст. Наздики 40 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба иттилои расонаҳо инфиҷор дар бинои Фонди мазҳабии шиаҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Ин фонд давлатӣ буда, ба ҳифзи муқадасоти ислом машғул мебошад. Масъулияти таркишро касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. Аммо полис дар ин амал мухолифони сунимазҳабро гумонбар медонад.