Роҳбари «Сомон-Нонпази»-ро пушти панҷара бурданд
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт аснои баргузории як амалиёт сардори ҶДММ «Сомон-Нонпазӣ»-и шаҳри Душанберо бо ҷурми қалобӣ дастгир намуданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Хӯҷа Сулаймонови 58 сола, сокини кӯчаи Раҳмон Набиев, ки аз соли 2008 вазифаи сардори «Сомон-Нонпазӣ»-ро бар ӯҳда дорад, бо роҳи фиреб ба боварии роҳбарияти ҶСП «Сомон Суғд» даромада, 77,458 халта ордро мегирад. «Ордро дар шаҳри Душанбе ба шахсони гуногун фурӯхта, як қисмати маблағи ҷамъовардашударо ба хазинаи «Сомон Суғд» гузаронида, аммо 790 893 сомонии дигаро ба манфиати худ сарф мекунад»,-афзуд манбаъ.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.