Доллару еврову рубл ба пойин
Тайи чанд рӯзи охир қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме паст шуда, айни ҳол дар ҳудуди 4,8740-4,8910 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки тайи чанд рӯзи ахир арзиши миёнаи асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар нуқтаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавиро дошт ва ба ҳисоби миёна як рубли русӣ ба 0,1500-0,1510 сомонӣ ва 1 евро ба 6,0875-6,1075 сомонӣ баробар шудаанд.
Бояд гуфт, тайи ҳафтаи охир доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд шуда 4,8800-4,9000 қарор дошт, баъдан дар давоми рӯзҳои охир андак паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,8740-4,8910 сомониро ташкил медиҳад.