Маскав: Ба Шӯрои амният иҷозаи дахолати низомӣ дар Сурияро намедиҳам
Муовини вазири корҳои хориҷаи Русия таъкид кард, ки кишвараш иҷоза нахоҳад дод, то ҳеч навъ тасмиме дар робита ба дахолати низомии хориҷӣ дар муноқишаи дохилии Сурия дар сатҳи Шӯрои амнияти СММ гирифта шавад.
Генадий Готилов, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар тафсири изҳороти Франсуа Оланд, раисҷумҳури ҷадиди Фаронса дар мавриди имкони мудохилаи низомӣ барои ҳалли буҳрон дар Сурия гуфт: «Мо ҳамвора эълом карда ва бар ин масъала таъкид дорем, ки мухолифи ҳар навъ дахолати хориҷӣ дар муноқишаи дохилии Сурия ҳастем, чаро ки чунин иқдоме танҳо мунҷар ба ваҳимтар шудани авзоъ дар ин кишвар шуда, оқибатҳои ғайриқобили пешбинӣ, на танҳо барои Сурия, балки барои кулли минтақаи Ховари Миёна хоҳад шуд».