Супер-вирус бо номи «Аланга» (Пламя) на аз сӯи «Ташхисгоҳи Касперский»-и Русия, балки аз ҷониби мутахассисони эронӣ ошкор ва безарар шудааст. Дар ин бора Алӣ Ҳаким Ҷаводӣ, муовини вазири мухобирот ва технологияҳои коммуникатсионии Эрон изҳор кардааст.
Бо пахши ин изҳорот ҷониби Эрон даъвои мутахассисони русро аз «Ташхисгоҳи Касперский», ки гуфтанд вируси печидаю ҷиддиеро ошкор кардаанд, рад кард. Вируси мазкур қодир будааст маълумоти махфиро аз компютерҳои кишварҳои Шарқи Наздик ҷамъоварӣ намояд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш мутахассисони «Ташхисгоҳи Касперский»-и Русия, ки ба ошкор кардани вирусҳо ва сохтани барномаҳои зиддивирусӣ машғуланд, дар бораи ин вирус изҳороте пахш карда, онро «яроқи кибернетикӣ» номиданд. Ба қавли онҳо ин вирус на аз сӯи хакерҳо, балки аз ҷониби як гурӯҳи мутахассоне сохта шудааст, ки аз сӯи як давлати алоҳидаи то ҳанӯз номаълум маблағгузорӣ мешавад.
Бино ба гуфтаи Ҷаводӣ, намояндаи Эрон барои аввалин бор ин вирус аз сӯи мутахассисони Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Маркази амнияти компютерии «Моҳир» ошкор ва безарар шудааст. Мутахассисони ин марказ барномаи махсуси компютерии зидди ин вирусро таҳия кардаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир аз ҳазор то 5 ҳазор компютер мубталои ин вирус гаштааст, ки аз ҳама бештар дар Эрон- 189 адад будааст.