Полковникро бо иттиҳоми ватанфурӯшӣ 12 сол пушти панҷара мекашанд
Додгоҳи шаҳри Маскав полковники ба эҳтиёт рухсатшудаи артиши Русияро ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Владимир Лазар ҳамчунин аз рутбаи ҳарбӣ маҳрум шуд.
Тибқи иттилои расонаҳо Владимир Лазар барои ҷосусӣ ба нафъи Амрико муҷозот шудааст. Ӯро дар ватанфурӯшӣ гунаҳкор кардаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти федеролии амниятӣ ё ФСБ корманди собиқи раёсати ҳарбӣ-фаннии Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар соли 2008 ба ихтиёри ҷосуси амрикоӣ маълумотҳоеро гузоштааст, ки сири давлатӣ маҳсуб мешаванд.