Europеan Times шумораи навбатии худро ба Тоҷикистон мебахшад
Дар Тоҷикистон айни замон фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ муҳайё гаштааст, вале мо бо ин дастовардҳо худро қонеъ накарда барои тадбиқи ислоҳоти навин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ талош меварзем. Ин матлабро Давлаталӣ Саидов, раиси Кумиаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни мусоҳиба бо хабарнигорони маҷалаи Europеan Times (Иттиҳоди Аврупо) баён дошт.
Тавре аз кумитаи мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар ҷараёни сӯҳбат Давлаталӣ Саидов ба саволҳои хабарнигорон оид ба вазъият ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба фазои сармоягузории мамлакат, ҷалби ҳар чи бештари сармояи мустақим, инчунин тадбиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва идораи самараноки моликияти давлатӣ посух дод.
Номбурда ба хабарнигорон мухтассар оид ба имконияту иқтидори соҳаҳои афзалиятнок ва фоиданок ҷиҳати сармоягузории эҳтимолӣ иттилоъ дода, дар ин замина соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва туризмро ҳамчун соҳаҳои имконияту иқтидорҳои фаровондошта муаррифи намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар навбати худ, хабарнигорони маҷалаи Europеan Times иброз доштанд, ки мақсади асосии сафари онҳо ба Тоҷикистон шинос намудани Тоҷикистон ба хонандагону доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони аврупоӣ мебошад, ки дар мавриди Тоҷикистон хабарҳои дақиқ ва кофӣ надоранд.
«Қайд шуд, ки дар доираи сафари кории мазкур маълумотҳои пурра оид ба ҳама самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардида, шумораи навбатии маҷала ба Тоҷикистон бахшида мешавад ва дар байни доираи васеи Ғарб- 410 ҳазор хонанда, аз ҷумла 500 ширкати бузургтарини аврупоӣ, намояндагони парлумони Итиҳоди Аврупо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайра паҳн хоҳад шуд»,-афзуд манбаъ.