Нархи пахта то 2 ҳазору 144 доллар поин рафт
Аз оғози моҳи ҷорӣ то имрӯз нархи пахта дар ҷаҳон босуръат поин рафта, ба нишондоди арзонтарин дар ду соли охир расидаст.
Дар биржаи пахтаи Маскав якуми май як тонна тилои сафед 2 ҳазору 412 доллар нарх дошт. Рӯзе пеш ин нишондод то 2 ҳазору 144 доллар расид, ки нишондоди арзонтарин дар 22 моҳи гузашта маҳсуб меёбад. Дар байни 30 рӯз нархи пахта ҳудуди 300 доллар арзон шуд.
Коршиносони оҷонсии Bloomberg сабаби арзонишавии пахтаро дар ҷаҳон афзоиши захираи пахтаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва камшавии истеҳсолоти саноати сабук дар Осиё, аз ҷумла Чину Ҳиндустон унвон мекунанд.
Дар Тоҷикистон майдони кишти пахта 210 ҳазор гектар дар назар аст, ки то ҳол дар зиёда аз 200 ҳазораш кишт анҷом ёфтааст. Майдони кишти пахта гарчанде зиёд нашудаст, дар нақша аст, ки ҳосил аз порсола бештар шавад. Аз ҳисоби зиёд намудани ҳосилнокӣ имсол масъулини Вазорати кишоварзӣ ният доранд, 420 ҳазор тонна пахта ҷамъ намоянд.
Пахта дар баробари алюминий маҳсулоти асосии содиротии кишвар буда, манбаи асосии даромади деҳқонони тоҷик маҳсуб меёбад.