Мураббии шоистаи Тоҷикистон даргузашт
Худойназар Боқиев, мураббии маъруф ва падари Расул Боқиев, баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 61 солагӣ бар асари сактаи қалб даргузашт.
Худойназар Боқиев дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо ва дзюдо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Инчунин ӯ дар замони шӯравӣ дар мусобиқоти мухталифи умумииттифоқӣ ғолиб омада буд. Хизматҳои ӯро ҳамчун мураббии гуштӣ дар тарбияи шогирдон арзанда медонанд. Дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раҳбарии Худойназар Боқиев бисёр гуштигирони машҳур ба камол расидаанд.
Худойназар Боқиев, устоди варзиши СССР бо унвони фахрии «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз шудааст.
Фарзандонаш Алишер, Ҳаким, Рустам, Расул ва Акбар гуштигирони маъруфи кишвар мебошанд. Фарзанди калониаш Алишер дар риштаи дзюдо барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё гардидааст. Рустаму Расул қаҳрамонҳои ҷаҳон дар навъи гуштии кураш ва ғолибони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ оид ба дзюдо мебошанд.
Расул Боқиев ба Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин медали олимпӣ овардааст. Ӯ дар Олимпиадаи Пекин соли 2008-ум дар риштаи дзюдо барандаи медали биринҷӣ гардид.