Дар Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 17 нафар ба анҷом расид
Дар боздоштгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати 17 нафар, ки 16 тани онҳо сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ҷавонтарини онҳо сокини 22 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ба анҷом расид.
Бо ҳукми додгоҳ ин ашхос ба мӯҳлатҳои аз 9 то 23 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Онҳоро дар узвият ба Иттиҳоди ҷиноии «Ҳаракати Исломии Узбакистон (Туркистон)» муҷрим шинохтанд. Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар суди вилояти Суғд хабар доданд, алайҳи ин гурӯҳ мутобиқи бандҳои «иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ» ва «дигар созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айб пешниҳод шудааст.
Манбаъ афзуд, 6 нафар аз ин гурӯҳ дар Вазиристони Покистон машқҳои ҳарбӣ гузашта ва бо мақсади ба дигарон омӯзондан ба ватан баргаштаанд.
16 нафар аз ин афрод сокинони ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт ва як тани дигар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, аз 22 то 50 сол доранд. Ин гурӯҳ моҳҳои октябр - ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони амниятиву интизомӣ боздошт шуда, мурофиаи парвандаи онҳо моҳи апрел дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.