Эдуард Бирюков: Тоҷикистон бояд масъалаи пардохти аъзоҳақияшро дида барояд
Тоҷикистон аз зумраи кишварҳоест, ки дар баробари чанд давлати хориҷӣ шомили барномаи ТРАСЕКА буда, аъзоҳақияшро дар ин барнома пурра пардохт накардааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Эдуард Бирюков, котиби генералии ТРАСЕКА зимни як сӯҳбаташ бо Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти кишвар гуфт, ҷониби Тоҷикистон бояд масъалаи пардохти аъзоҳақиро дар ин барнома дида барояд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон таклифи ҷаноби Эдуардро пазируфта, пешниҳод намуд, ки аз сабаби он ки баргузории чорабиниҳои зиёде дар назар аст, аъзоҳақӣ давра ба давра пардохт шавад. Соли оянда раисии ТРАСЕКА ба ӯҳдаи Тоҷикистон мегузарад, ки вобаста ба ин баргузории як қатор чорабиниҳо дар назар аст.
Низом Ҳакимов гуфт, дар доираи имконот кӯшиш хоҳанд кард, то ба чорабиниҳои мазкур ҳаматарафа омода бошанд: «Дар мавриди пардохти аъзоҳақӣ қайд карда метавонем, ки дар Тоҷикистон гузарондани чорабиниҳои зиёди сиёсӣ ба монанди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 20 солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз дар шаҳри Хуҷанд ва боз чанд чорабинии дигар дар назар аст, ки ба хотири онҳо бояд иншооти зиёди соҳаи роҳ ва нақлиёт мавриди истифода қарор гиранд. Аз ин лиҳоз пешниҳод дорем, ки боқимондаи аъзоҳақӣ тибқи нақшаи махсус марҳала ба марҳала пардохт шавад».
Мавриди тазаккур аст, фаъолияти барномаи ТРАСЕКА асосан ба соҳаи роҳу нақлиёт равона гардидааст.