Тақисмбандии «Барқи тоҷик»-ро Шӯрои наздиҳукуматӣ назорат мекунад
Дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон, ки дирӯз зери роҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Шӯрои мушоҳидавии назди ҳукумат оид ба тадбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати «Барқи тоҷик» таъсис ёфт.
Ба иттилои манбаъ аз ширкати «Барқи тоҷик» Шӯрои назоратӣ зери роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳамаи чорабиниҳои амалисозии нақшаи таҷдиди сохтори «Барқи тоҷик»-ро назорат мебарад.
Масъулин мегӯянд ниҳодҳои энергетикии кишвар аллакай барои тадбиқи қарори ҳукумат аз 30-юми август соли 2011- «Дар бораи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» барои солҳои 2011- 2018», як қатор санадҳои меъёриро таҳия намудаанд.
Ба иттилои масъулини ширкати «Барқи тоҷик» дар паи таҷдид ширкат ба се сохторе ҷудо мешавад, ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустақил буда, яке зери тобеи дигаре нахоҳад буд. Аз се ширкате, ки дар натиҷаи таҷдиди сохтори «Барқи тоҷик» пайдо мешаванд, яке ба истеҳсол, дуюмӣ ба интиқол ва сеюмӣ ба тақсими барқ машғул хоҳад гашт.
Айни ҳол ҳамаи ин равандҳоро танҳо ширкати «Барқи тоҷик» идора карда, дар бозори энергетикии кишвар монополист маҳсуб меёбад.