Воқеан ҳам, дар мавриди бекор шудани қарори марбутаи шаҳрдорӣ оид ба нархи роҳкиро дар пойтахт сару садоҳои зиёде паҳн гардидааст.
Вале навбатдори ситоди шаҳрӣ (ин ситод барои фаҳмондадиҳии мардум таъсис дода шудааст) дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки қарор бекор нагардидааст ва субҳи 3-юми июн ба ронандаҳо ва ҷамъиятҳо фаҳмондаанд, ки ҳар мусофиркаше, ки экспресс нест, дар нақлиёти худ бояд насб намояд, ки роҳкиро дар нақлиёташ 1 сомонӣ аст.
Бояд гуфт, аз 24 майи соли 2011 қарори раиси шаҳри Душанбе №251 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расида, аз 1-уми июн мавриди амал қарор мегирифт. Вале 30-юми май қарори дигаре таҳти № 260 ба имзо расид, ки тағйири дигаре дар қарори қаблӣ ворид менамуд.
Аз соли 2004 то кунун бори саввум аст, ки арзиши роҳкиро боло меравад. Яъне соли 2004 якбора роҳкиро аз 20 ба 40 дирам расида, баъдан ин арзиш боз 60 дирам шуд. Ҳақмузди кормандон қариб ҳама соҳот дар кишвар на бештар аз 30% баланд бардошта мешаваду арзиши молу маҳсулот баробар бо арзиши қаблиаш боло меравад, ки ин мардумро безобита менамояд…
Баъд аз ворид гардидани, ГАЗелҳои сафеди ба истилоҳи мардумӣ «Манижа» ва соҳиби кардани як хатсайри серодам (№18, маҳаллаи Обшорон-назди бозори «Шоҳмансур») сару садо баланд гардид, ки ин ГАЗелҳо аз ҳукумати шаҳр ҳастанд, ки арзиши роҳкиро ин ГАЗелҳо бо қарори худи ҳукумати шаҳр 10 дирам аз аз дигар автобусу микроавтобусҳо тафовут дошт, яъне роҳкирои ГАЗелҳои №18-70 дирам муқарар гардида буд.
Ҳамчунин, хатсайрҳои Душанбе, ки ҳар яке мутаалиқ ба ҷамъиятҳои гуногун аст ва мардум ин омилро монополия унвон кардаанд, ки бидуни напардохтани «доля» ба ин ҷамъиятҳо наметавонӣ барои мардум хизмат намоӣ.
Субҳи 3-юми июн бо яке аз ронандаҳои автобуси рақами №7сӯҳбат намуда, аз тарзи кору фаъолияташ пурсон шудем. Тибқи иттилои ӯ автобусҳои ба кишвар воридшуда як қисмате зери назорати ҳукумат монда, дигареро ба ронандагон иҷора медиҳанд.Нафаре, ки автобусро иҷора мегирад, таъмир, хариди қисмҳои эҳтиётӣ ва масрафи сӯзишвориро худ ба дӯш мегирифтааст. «Мо хозрасчетам ҳар рӯз 80- сомонӣ аренда месупорем. Автобусҳое, ки давлатӣ ҳастанд, ба монанди экспресс №8 қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишвориро давлат медиҳад»-мегӯяд ронандаи автобуси №7.
Акнун суоли матраҳ ин аст, ки «иҷорагирон» аз экспресс чӣ камӣ доранд ва дар сурати вайрону корношоям гаштани нақлиёташон онҳо ба кадом мақомоти салоҳиятдор шикоят баранд? Аз ҳама асосиаш, кӣ ҳуқуқи мо истифодабарандагони оддиро ҳимоя мекунад… Ман-ку намедонам, шумо чӣ?
Сафари Халил