Ҷаласаи сарварони зидди мухаддаротӣ: Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон
Қарор аст субҳи рӯзи 31 май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сарварони ниҳодҳои зиддимухаддиротии се кишвари ҳамсоя: Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ширкати ноиби Дабири кулли СММ, Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов оғоз ба кор кунад.
Тавре ба Озодагон, сухангӯи агентии мубориза бо маводи мухаддир Бобоҷони Шафеъ хабар дод, иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо миёни хадамоти махсуси кишварҳо дар мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Стратегияи ягона ва муштараки ин мубориза низ таҳия хоҳад шуд.
Дар ин ҷаласа аз Афғонистон вазири мубориза бо маводи мухаддир Зарор Аҳмад Муқбил, ноиби вазири умури дохилии ин кишвар Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, аз Қирғизистон ҷонишини раиси Хадамоти давлатии назорати маводи мухаддир Дониёр Оторбоев, ҷонишини директори Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Нуран Ниёзалиев, директори Маркази иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии минтақавии Осиёи Марказӣ Бексултон Саркесов ширкат хоҳанд кард.