Кушта шудани нафари дуввуми Ал-Қоида дар сархати расонаҳо
Раҳбарияти Эътилофи Шимол дар Афғонистон аз кушта шудани шахси дуввум дар ҳаракати Ал-Қойида дар ин кишвар хабар додааст.
Дар изҳороте, ки раҳбарияти Эътилофи Шимол рӯзи гузашта пахш кард, гуфта мешавад, ки яке аз ашхоси баландмартабаи Ал Қоийда Саҳр-ал-Тоифӣ, маъруф бо лақабҳои «Муштоқ» ва «Нозим» дар натиҷаи як зарбаи ҳавоӣ дар минтақаи Ватапури музофоти Кунар кушта шудааст. Бино ба маълумоти пахшагрдида мардуми осоишта осеб надидаанд.
Гуфта мешавад Саҳр-ал-Тоифӣ зодаи Арабистони Саудӣ, раҳбарии зархаридони хориҷиро дар Афғонистон бар дӯш доштааст ва барои амалиёти зидди асокири афғониву НАТО ҷавобгар буда, ҳамчунин равобити миёни Ал-Қойида ва бахши ин ҳаракат дар Афғонистонро таъмин мекардааст.
Таъмини аслиҳа ва муҳимоти размандагони бахши афғонии Ал- Қойида низ аз вазифаҳои Саҳр-ал-Тоифӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи ҳаракати Толибон Забиуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории Afghan Islamic Press гуфтааст, дар ҳақиқат дар минтақаи Ватапур 2 нафар толиб кушта шудаанд ва дар ин минтақа намояндагони Ал-Қойида умуман мустақар нестанд ва кадоме аз хориҷиён кушта нашудаанд.