Зимнан, ҷаноби Саидов дар сӯҳбат бо «Озодагон» гуфт, дар доираи ин сафар Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбари департаменти шаҳри Маскав оид ба иқтисоди беруна ва робитаҳои байналмилалӣ Сергей Черёмин мулоқот анҷом дода, масоили ҳамкориҳоро дар соҳаи инноватсия мавриди баррасӣ қарор дод. Ба ҷузъ ин, Убайдуллоев бо раиси кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Маскав, сармеъмори шаҳри Маскав, Александр Кузмин вохӯрда, дар робита ба ҷалби потенсиали меъморони шаҳри Маскав оид ба тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва тарҳрезии лоиҳаҳои муосири меъморӣ табодули назар намуда.
Ҳамзамон, баъд аз зӯҳри дирӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамтои худ - Сергей Собянин мулоқоти дӯстона ва самимӣ анҷом дода, бо изҳори қаноатмандӣ аз даъват ва пазироӣ масаълаҳои дар сатҳи нав тақвиятбахшии робитаҳои мавҷуда дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарию инноватсионӣ миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳри Маскавро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, боздиди мири шаҳри Душанбе аз пойтахти Русия имрӯз ба поён мерасад.