Ситораҳои эҳсонкор дар хизмати кӯдакон
Ташкилоти ҷамъиятии «Ваҳдати ҷавонон» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон доир намудани барномаи консертии идонаро ба нақша гирифтааст.
Бино ба иттилои мудири шӯъбаи ташкилии Кумиҷроия Сарфароз Юнусов барномаи консертӣ бо номи «Ситораҳои эҳсонкор» дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд санаи 1 июн, соати 18.00 баргузор мешавад.
Барномаи консертӣ хайриявӣ буда, мақсад аз ташкил намудани он болида гардонидани руҳияи кӯдакон дар арафаи Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдак ва дастгирии наврасони ниёзманду фарзандони оилаҳои камбизоат аст. Дар ин рӯз ҳамзамон бо ташаббуси намояндагии ТҶ ҷавонон «Созандагони Ватан» ва мусоидати Кумиҷроия вилоятӣ аёдат ва тӯҳфасупорӣ ба бошандагони хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда мешавад.