Тоҷикистон соли оянда раиси ТРАСЕКА мешавад
Соли 2013 раисии ТРАСЕКА ба ӯҳдаи Тоҷикистон мегузарад, ки вобаста ба ин ташкил намудани як қатор чорабиниҳо дар кишвар дар назар аст.
Ин нукта зимни мулоқоти Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Эдуард Бирюков, котиби генералии ТРАСЕКА, ки дар Душанбе баргузор шуд, иброз гардид.
Аз Вазорати нақлиёти кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки яке аз чорабиниҳое, ки дар доираи барномаи ТРАСЕКА- доир мегардад- баргузор намудани ҷаласаи 10 - уми ТРАСЕКА мебошад, ки дар он намояндагони беш аз 70 кишвари хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа, масъалаҳои имзо намудани созишнома бо Ассотсиатсияи байналмилалии автомобилӣ, беҳтар намудани кор бо Иттиҳоди Аврупо, дар хубтар ба роҳ мондани фаъолияти авиатсияи гражданӣ баррасӣ мегарданд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти Низом Ҳакимов ва Эдуард Бирюков 15-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи бисёрҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба нақлиёти байналхалқии рушди долони Аврупо – Қафқоз – Осиё ва 20 - солагии Барномаи ТРАСЕКА низ мавриди баҳси ҷонибҳо қарор гирифт.